Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

БОНУВОН- ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТИИ ВМКБ ВА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН КУРСИ ОМӮЗИШИИ ДУАЛИИ «ЗАН-САРВАР»-РО ХАТМ ВА СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

20 октябри 2022, панҷшанбе

 

 

 

Санаи 14 октябри соли 2022 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ маросими супоридани шаҳодатномаҳои хатми курси омӯзишии дуалии «Зан-сарвар», ки шунавандагони он бонувон- хизматчиёни давлатӣ аз вилоятҳои Хатлону Бадахшон буданд ва давоми соли 2022 дар се давр омӯзонида шуданд, баргузор гардид.

 

Маврид ба зикр аст, ки курси омӯзишии дуалии мазкур бо ташаббуси Академияи идоракунии давлатӣ дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти босалоҳияти давлатӣ- Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Олмон барои тайёр кардани ҳайати бонувони роҳбарикунанда аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ таҳти унвони «Зан – сарвар» дар шакли омӯзиши дуалӣ ба роҳ монда шудааст.

 

Дар маросими тантанавӣ ректори Академияи идоракунии давлатӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, Олимшо Меҳрӣ- мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи кадрҳо дар шакли маҷозӣ, Амонзода Ширин Шодӣ- вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбонзода Ҳилолбӣ- раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қосимзода Гурез- муовини якуми директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзозода Низом- муовини якуми раиси ВМКБ, Раҳимзода Раъно- сардори раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Андреас Протманн- Сафири ҶумҳурииФедеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари намояндагии Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон дар Осиёи Марказӣ доктор Макс Георг Майер иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Баъдан дар вазъияти тантанавӣ ба 45 нафар шунавандагон- хатмкунандагони курси омӯзишии дуалии «Зан-сарвар», ки ин навбат бонувони хизматчии давлатӣ аз ВМКБ ва вилояти Хатлон буданд, Шаҳодатномаи хатми курс супорида шуданд.

 

 

Поделиться в