Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Аёдати сарбозон аз ҷониби модарон ва занҳои собиқадор

24 октябри 2022, душанбе

Дар асоси нақшаи чорабинии Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аёдати сарбозони қисмҳои ҳарбӣ аз ҷониби намояндагони Раёсати кор бо занон ва оила, модарон ва занҳои собиқадор ба роҳ монда шуд.
Аз ҷумла, афсарону сарбозони Гвардияи миллии 051056-и шаҳри Бӯстон, қисми ҳарбии 0214-и ноҳияи Ҷаббор Расулов, қисми ҳарбии 3501-и шаҳри Хуҷанд, қисми ҳарбии 14356-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, қисми ҳарбии 0202-и ноҳияи Зафаробод, қисми ҳарбии 0230-и ноҳияи Спитамен, қисми ҳарбии 0203-и шаҳри Панҷакент, қисми ҳарбии 0202-и шаҳри Истаравшан, қисми ҳарбии 0216-и ноҳияи Ашт ва қисми ҳарбии 14356-и ноҳияи Мастчоҳ аёдат карда шуда, барномаи фарҳангӣ ташкил карда шуд.
Ҳамчунин, меҳмонон аз шароити зисту зиндагонӣ ва хурду хӯроки сарбозон дидан намуда, бо онҳо сӯҳбат карданд.

Поделиться в