Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфаи Федератсияи Россия

01 январи 1970, панҷшанбе
ДУШАНБЕ, 27.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 26 октябр дар толори консертии «Бошқирдистон»-и шаҳри Уфаи Федератсияи Россия Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардиданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат.
Дар доираи Рӯзҳои фарҳангӣ ҳунармандони тоҷик барномаи консертӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва мусаввараҳои рассомони тоҷикро манзури тамошобинону аҳли фарҳангу адаби ин шаҳр гардониданд.
Ҳунармандони мо фарҳанги пурғановат, мероси маънавӣ, санъат ва анъанаи беназири миллати тоҷикро муаррифӣ намуданд. Инчунин суруду оҳангҳои дилнишини ромишгарон ва рақсҳои ҷаззоби гулдухтарони зебои тоҷик ба аҳли нишаст нишоту сурури беандоза эҳдо намуданд.
Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳангӣ мулоқоти муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Назариён бо Вазири фарҳанги Бошқирдистон Амина Шафикова доир гардид.
Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот муносибатҳои фарҳангӣ миёни ду давлатро мавриди баррасӣ қарор доданд.
 
 
 
 
 
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
 
 
Нравится
 
 
 
Комментировать
 
 
Поделиться
 
 

Поделиться в