Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

01 январи 1970, панҷшанбе
Файз хоҳи-обу замирно қадр кун
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати самаранокистифодабарии замин ва рӯёнидани ду-се ҳосил аз як замин, масъулини хоҷагии деҳқонии «Бобои Ҳалим»-и ҷамоати деҳоти «Гулистон» дар ш. Левакант, аз тамоми имконот истифода бурда, заминро оқилона истифода мебаранд.
Асоси фаъолияти хоҷагиро пахтапарварӣ ташкил диҳад ҳам, хоҷагидорон саъю талош мекунанд, ки кишту парвариш ва рӯёнидани дигар зироату сабзавотро низ дар қитъаҳои холимонда ба роҳ монанду сабади истеъмолии худро ғанӣ гардонанд.
Ба гуфти роҳбари хоҷагӣ-Ҳалимзода Сафар, онҳо дар баробари пахта, картошка, пиёз, шалғам, кабудиҳоро чанде пеш кишт кардаанду нашъунамои хеле хуб ҳам доранд. Алҳол бошад барои безараргардонӣ аз кирму ҳашароти зараровар корҳои агротехникӣ ва дорупошӣ карда истодаан. Тавре, ки мавсуф иброз дошт, захираи амбори нигаҳдории маҳсулоти кишоварзии хонаводаашро аз ҳисоби ҳамин заминҳо хуб карда, дар оянда ният дорад, ки ҳосили бештар ба даст оварда, хонаводаи худ ва дигар сокинонро бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ таъмин намояд.
 
 
 
 
 
 
 
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
 
 
Нравится
 
 
 
Комментировать
 
 
Поделиться
 
 

Поделиться в