"Фарҳанги миллиро бояд нигоҳ дорем"
01 январи 1970, панҷшанбе
"Фарҳанги миллиро бояд нигоҳ дорем"
Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино санаи 27.10.2022
бо мақсади иҷрои банди 2 сархати 5 протоколи ҷаласаи назоратии назди Раиси шаҳри Душанбе аз 8 августи соли 2022,рақами 19 доир ба вусъат бахшидан ба корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди пушидани сару либоси фарҳанги бегона бо занону бонувони Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино дар толори мақомоти иҷроия ҷаласа доир карда шуд.Дар ҷаласа зиёда аз 120 нафар занону бонувони муассисаи мазкур иштирок намуда ,дар мулоқот таъкид гардид,ки бояд зани тоҷик дорои гуфтору рафтори шоиста ,донишу маърифати арзанда, ахлоқу маънавиёти баланд бошанд ва ба либосу фарҳанги миллӣ дар замони пурзур шудани ҷаҳонишавии фарҳанги бегона ва равандҳои глобалӣ дар кишвар арҷ гузоранд.
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Нравится
Комментировать
Поделиться