Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Эълон, эълон, эълон!!!

01 январи 1970, панҷшанбе

                                    МАКТУБИ ИТТИЛООТЇ

         Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҷурии Тоҷикистон моҳи феврали соли 2023 бахшида ба Рӯзи байналмилалии занону духтарон дар илм дар ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии «Саҳми занон дар рушди илм»-ро баргузор менамояд.

         Ҳадаф аз баргузории конференсия баррасии нақши занон дар рушду такомули илм, муаррифии ҳаёт ва фаъолияти олимаҳои шинохтаи тоҷик, дастоварду комёбиҳои занон дар ҷодаи пажуҳиши илмӣ, мушкилоти дар ин самт ҷойдошта ва дарёфти роҳҳои ҳалли он мебошад.

         Ба конференсия олимону мутахассисон, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ташкилоту муассисаҳо, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмиву тадқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аспирантону унвонҷӯён ва хоҳишмандон даъват карда мешаванд.

          Забони кори конференсия: тоҷикӣ, русӣ

         Хоҳишмандон метавонанд мавзӯъ ва фишурдаи маърӯзаи худро дар ҳаҷми 4 саҳифа дар шакли электронӣ ва ё чопӣ (бо шрифти 14 Times New Roman Tj) то 25 январи соли 2023 бо нишон додани ному насаб, вазифа, унвон, ҷои кор ва рақами телефон бо замимаи тақризи роҳбари илмӣ ба суроғаи ш. Душанбе, хиёбони ак, Раҷабовҳо 3, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (бинои собиқ Вазорати молия) ё ба алоқаи электронии Кумита: ittiloot@comwom.tj ирсол намоянд.

 

         Шахси масъул: Наргиси Маҳмадшарифзода.

         Телефонҳо барои тамос: 2231706, 902449008

          

 

                                                                                   

Поделиться в