Қабули аксияи "Албом-эстафета"
04 ноябри 2022, ҷумъа
Нимаи дуюми имрӯз Аксияи "Албом-эстафета" таҳти унвони "30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат" бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар сатҳи ҷумҳуриявӣ доир гардида истодааст, ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз ноҳияи Сино бо тантана қабул намуд. Дар маросими қабули Албом-эстафета роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, гирандагони стипендияи Президентӣ, варзишгарон, собиқадорону фаъолон, сокинони касбу кори гуногун ва аъзои ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштирок намуданд. Дар идомаи аксияи мазкур мизи мудаввар таҳти унвони "30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат" дар толори Осорхонаи миллии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он масъулон, вакилони шаҳрӣ, ноҳиявӣ, раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия ва аъзои ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштирок намуданд.
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Нравится
Комментировать
Поделиться