Мизи мудаввар дар мавзуи "Конститутсия - кафолатдиҳандаи ҳуқуқҳои занон"
04 ноябри 2022, ҷумъа
Бахшида ба тачлили рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон бо иштироки намояндагони мақомотҳои марбутаи давлатӣ, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои ҷамъияти дар мавзуи "Конститутсия - кафолатдиҳандаи ҳуқуқҳои занон" мизи мудаввар доир гардид.
Раиси Кумита хозиринро бо ин рӯзи таърихи самимона шодбош гуфта, зикр доштанд, ки Конститутсия санади муҳими сарнавиштсоз барои занону бонувон буда, моддаи 17-и он баробарҳуқуқии мардону занонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад.
Мавсуф афзуд, ки Конститутсия барои таҳия ва қабули силсилаи санадҳои меъёри- ҳуқуқии самти занон заминаи воқеи гузошта, дар радифи дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раванди амалишавии ин барномаҳои давлати занону бонувон мақому манзалати хосеро дар ҷомеа касб намуда, баробари мардон сарбаландона дар рушди иқтисоди миллии кишвар саҳми назарраси худро гузошта истодаанд.
и ещё 2
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Нравится
Комментировать
Поделиться