Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак
06 ноябри 2022, якшанбе
Матни табрикотии Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон бахшида ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамдиёрони азиз!
Бонувон ва модарони арҷманд!
Конститутсия шоҳсутун, бахтномаи миллат ва тақдирсози имрӯзу фардои давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик маҳсуб ёфта, ҳифз ва риоя кардани он барои ҳар як фард қарзи шаҳрвандӣ аст. Ин санади тақдирсоз ҳамчун шаҳодатномаи адолатхоҳи бунёдкорӣ, ваҳдатсозии Тоҷикистон аст.
Конститутсия ҳамчун санади сарнавиштсоз дар пайвасти Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва шинохти он, ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ, таъмини сулҳу субот ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши муҳими таърихӣ дорад. Инкишофи пешрафти ҷомеа, бахусус давлатҳои рушдёбанда тақозо дорад, ки низоми идоракунии давлатӣ боз ҳам муназзаму мукаммал ва самараноку пурмаҳсул гардад, то ки ҷомеа босуръат пеш рафта, сатҳи зиндагии мардум беҳтар шавад, сулҳу ваҳдат ва қонунияту тартиботи ҷамъиятӣ устувор гардад. Вазъи сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳолатҳои дигар дар давлати алоҳида зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба Конститусия ба вуҷуд меорад, ки сабаби асосии он мутобиқ намудани меъёрҳои ин санад ба шароити зиндагии ҷомеа мебошад.
Гузашти солҳо ҳар қадар моро аз қабули ин ҳуҷҷати тақдирсоз дур барад, ҳамон қадар дурустии интихоби роҳи бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ возеҳу равшан аён мегардад.
Миллати тоҷик дар даврони истиқлол бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ба шарофати эҳтиром ва амалишавии меъёрҳои Конститутсия тавонист ҷомеае бунёд намояд, ки дар он фазои озоду осоиштагӣ ҳукмфармо ва суботи сиёсиву ваҳдати миллӣ, пешрафти бемайлон ва пойдориву бардавомии имрӯзу ояндаи давлату миллат таъмин гардидааст.
Тамоми корҳое, ки дар партави Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон анҷом дода шудаанд, танҳо ба хотири таҳкими пояҳои рушди иқтисоди миллии Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ва фаъолият барои шаҳрвандон, мустаҳкам намудани Ваҳдати миллии тамоми сокинони Тоҷикистон анҷом дода шудаанд.
Ба хотири ин рӯзи файзбору саодатманд кулли мардуми шарафманди Тоҷикистонро самимона шодбош гуфта, ба хонадони ҳар фарди кишвар сулҳу оромӣ, иқболу хушбахтӣ ва файзу баракат таманно менамоем.
Бигузор, Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо ва муайянкунандаи самти роҳи созандаю бунёдкоронаи давлату миллат ва муттаҳидкунандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон дар фазои осудаи мамлакат, сулҳу субот ва Истиқлолияти Ватан санади тақдирсози шаҳрвандони кишвар бошад.
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!