Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Омодагиҳо ба ҷашнҳои дар пешистода

09 июни 2020, сешанбе

Бахшида ба истиқболи арзандаи ҷашни 23-юмин солгарди Ваҳдати миллӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Кумита бо иштироки мудирони шуъба ва бахшҳои Кумита, шунавандагони мактаби “Духтарони сарвар” ва гурӯҳи тарғиботии Кумита ҷаласа доир гардид.

Муовини якуми Раиси Кумита Ғаффорзода Нигорахон оид ба дастовардҳои беназири ба дастовардаи миллати тоҷик ҳарф зада, зикр намуданд, ки  бар ивази ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати расидан ба зиндагии шоиста имрӯз ҳар яки мо вазифадорем, ки қарзи шаҳрвандии худро дар назди халқу ватан софдилона адо намоем. Иштиокдорони мизи мудавварро ҷиҳати ворид гардидан ба ҳаёти созандаи кишвар ва саҳмгузори намудан дар рушду нумӯи мамлакат ҳидоят намуд.

Поделиться в