Табрикоти
16 ноябри 2022, чоршанбе
Табрикоти
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон ба ифтихори Рӯзи Президент
Занону бонувон, модарон ва хоҳарони арҷманд!
Ҳамдиёрони азиз!
Ҷашни имсолаи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилае рост омад, ки 16 ноябр мардуми шарифи Тоҷикистон 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар таърихи тоҷикон нақши барҷаста дорад, ҷашн мегиранд. Иҷлосияи тақдирсозу наҷотбахши ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби вилояти Суғд моҳи ноябри соли 1992 дар рӯзҳои вазнини парешониву парокандагӣ, шубҳаву ҳарос ва муборизаҳои дохилӣ баргузор гардида, масири сарнавиштсози қисмат ба тақдири қавми озодатабори тоҷик чархи гардуни миллати соҳибтамаддуну фарҳангсолорро ба дасти меъмори мулоҳизакору дурандеш, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дода буд. Рӯзе, ки нури хуршед баробари ҷилои чашмону қалби ҷавони ғурури баланди миллидошта ба кишвари ғамзадае, ки фазояшро дуди ҷанги бародаркуш тира гардонида буд, ҷаҳони рӯшанӣ андохт.
Аз он лаҳзаҳо чархи тақдиргардони миллат ба занону бонувон ва насли ҷавон ҷаҳони маънавии фурӯзонро арзонӣ дошт.
Бо заҳмату талошҳои хастанопазири Пешвои муаззами миллат субҳи умед дамидаву зиндагии шоистаи арзиши олидошта баҳри мардуми тоҷик эҳдо карда шуд.
Соҳиби бахту тахти тоҷикон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиришти худро бо сиришти халқу миллат тор ба тор, пуд ба пуд ресидаву бофта, дар масири ваҳдатсозиву суботи кишвар ҷонбозиҳо намудааст, то ки мо ба як рукни оини давлатдории миллӣ бирасем.
Хушбахтона, аз оғоз то имрӯз бо роҳбариву роҳнамоии Пешвои миллатдӯст, бедордилу оқил ба ғояҳои баланди давлатдории миллӣ расида, ба ин рӯзи пуршарафу пур аз ифтихор расидем.
Дар радифи давлатсозиву давлатдорӣ таваҷҷуҳи давлату ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила ба фаъолгардонии нақши занону бонувон дар ҷомеа, муҳайё намудани имконияти фаъолияти онҳо дар бахшҳои давлатию ҷамъиятӣ, тиҷорату соҳибкорӣ равона гардида, ҳукумати мамлакат дар раванди давлатсозӣ ба неруи солими ин қишри фаъоли ҷомеа такя мекунад.
Занону бонувон бо фитрати созандаву отифияти худ зиннатбахши рӯзу рӯзгори башарият буда, имрӯзҳо ҳеҷ самтеро аз ҳаёту рӯзгори инсонӣ бидуни мавқеи устувори занону бонувон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Махсусан дар ҷомеаи мутамаддини мо ин неруи инсонсозу қувваи пешбаранда соҳиби мақому манзалати шоиста гардида, дар ҳар бахши фаъолият ҳузури густурдаву фаъол ва бо ҳисси баланди масъулият дар раванди бунёдкориҳои кишвари маҳбубамон саҳми шоиста мегузоранд.
Ба ин хотир, бо камоли эҳтиром ҳамаи Шуморо бо ҷашни мубораку фархундаи Рӯзи Президент ва ҷашни 30-юмин солгарди Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, ба Шумо рӯзгори ободу осуда ва ба Тоҷикистони биҳиштосо шӯълапошии дурахшони офтоби бахту саодат ва сулҳу амониро орзумандам.
Рӯзи Президент ва ҷашни 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми мардуми соҳибтамаддуни тоҷик муборак бошад!
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИХД-и шахри Хоруг и ещё 133
Комментарии: 14
Поделились: 22
Нравится
Комментировать
Поделиться