Озмун бахшида ба 16 Рӯзи амал алайҳи зӯроварии гендерӣ.
КУМИТАИ КОР БО ЗАНОН ВА ОИЛАИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
дар якҷоягӣ бо ТАШКИЛОТИ ҶАМЪИЯТИИ “КОРВОНИ УМЕД”
Бахшида ба 16 Рӯзи амал алайҳи зӯроварии гендерӣ озмун барои беҳтарин ҳуқуқҳимоякунанда (ҳимоятгар) эълон менамоянд.
ШАРТҲОИ ОЗМУН:
Пешниҳоди маълумот оиди ҳуқуқҳимоякунанда (ҳимоятгар), шумораи парвандаҳои маъмурӣ, ҷиноятӣ ва оилавие, ки дар доираи онҳо ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷабрдидагон ҳифз карда шудаанд, бо нишон додани натиҷаҳо ва дастовардҳои ҳимоятгар дар давоми як соли охир. Барои қабули хулосаи объективӣ аз ҷониби комиссияи озмун замима намудани ҳуҷҷатҳои зерин зарур аст: нусхаи қарорҳои мақомотҳои маъмурӣ; амрномаҳои муҳофизатӣ; нусхаҳои ҳалномаҳои судӣ ва ҳукмҳо (бе нишон додани ному насаби ҷабрдида ва зӯровар). Маълумотҳои пешниҳодшуда махфӣ буда, аз ҷониби аъзоёни комиссия ба омма ифшо намегардад.
Маълумотҳои болоӣ то санаи 10.12.2022 ба суроғаи электронии ittiloot@comwom.tj фиристода шаванд.
Ғолибон бо ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида мешаванд.
Тамос: 2272438, 2231706