Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Омӯзиш баҳри пешгирии зуроварӣ

12 июни 2020, ҷумъа

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ТҶ “Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон” 11 июни соли 2020 дар доираи Лоиҳаи “Таҳкими амнияти ҷамъиятӣ ва пешгирии зӯроварӣ нисбати занон дар Тоҷикистон” тренинги омӯзишӣ барои кормандони Маркази захиравӣ оид ба масъалаҳои гендерӣ ва пешгирии зӯроварӣ бо ҷалби мутахассисони соҳаи ҳуқуқ ва равоншинос  баргузор намуд.

Кумита бари амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  пешгирии зӯроварїӣ дар оила» ва «Барномаи   давлатӣ  оид ба пешгирии  зӯроварӣ  дар  оила  дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои  солҳои  2014-2023»  фаъолияти Марказ захиравӣ оид ба масъалаҳои гендерӣ ва пешгирии зӯровариро бо телефони боварии 1313 дар рӯзҳои корӣ аз соати 08:00-17:00 ба роҳ мондааст.

Поделиться в