Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Номаи шодбоши

24 ноябри 2023, ҷумъа
 
Табрикоти
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон
Модарону хоҳарони азиз,
Занону бонувони арҷманд!
Санаи фархундаи таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бароятон шодбош гуфта, тандурустӣ ва саодату иқболи хонадони ҳар яки Шуморо орзу менамоям.
Парчам, ки рамзи озодӣ, шукуфоӣ, ояндаи дурахшон ва мояи ифтихори ҳар халқи соҳибдавлат аст, таҷлили он дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рӯҳбаландии бузург ҷашн гирифта шуда, нишони эҳтироми хосаи мардуми сарбаланди тоҷик ба анъанаҳои неки аҷдодони сарбаланд ва таҷассуми мақсаду мароми халқу миллат дар роҳи эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд ва ягона мебошад.
Мардуми сарбаланди тоҷик Парчами давлатиро ифодагари ваҳдату ягонагӣ, якпорчагиву бахту саодат, дӯстию рафоқат ва волотарин орзуву омоли худ медонад, ки дар тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихор ва ҳувияту худшиносии миллӣ нақши калон дошта, ҳар шаҳрванди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои миллӣ њидоят менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз манзалати Парчами давлатї таъкид доштаанд, ки “Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои миллат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад. Ҳар як фард бояд ифтихор дошта бошад, ки Парчами давлатии мо дар арсаи ҷаҳонӣ баробар бо парчами халқҳои мухталифи дунё дар пештоқи ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳон парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти миллати соҳибтамаддуни тоҷик ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон, яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол паём мерасонад».
Дарвоқеъ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи кишвари озоду соҳибистиқлоли миллати тоҷик буда, нишонаи олии тамаддунофарӣ, созандагӣ ва муборизаи халқи шарафманди тоҷик дар роҳи амну осудагӣ ва ваҳдату истиқлолхоҳӣ мебошад.
Арҷ гузоштан ба Парчам ва дигар муқаддасоти миллӣ имрӯз ва дар оянда метавонад дар замири ҳар фарди ватандӯст ва ҳар як сокини Тоҷикистони азиз эҳсоси дӯст доштан ва ҳифз кардани ин марзу бум заминаи боэътимод гузорад.
Аз ин рӯ, мо, модарону бонувон вазифадорем, ки рисолати созандаи худро дар тарбияи фарзандони солиму солеҳа, инсондӯсту ватанпараст, ҳимояткунандаи марзу буми аҷдодӣ, арҷгузорони асили муқаддасот ва арзишҳои миллӣ амалӣ намоем.
Бори дигар ҳамаи Шуморо бо Рӯзи Парчами давлатӣ муборакбод намуда, бароятон тансиҳатӣ, рӯзгори осуда ва ба Тоҷикистони азиз оромиву суботи поянда ва хуррамии бештареро таманно менамоям.
Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!
Возможно, это изображение 1 человек и отдел новостей
 
 
 
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
 
Все реакции:
Вы и ещё 95
 

Поделиться в