Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Мулоқот дар доираи таҷлили чорабиниҳои сиёсӣ

01 январи 1970, панҷшанбе

 

 Мулоқот дар доираи таҷлили чорабиниҳои сиёсӣ

 
Санаи 15 ноябри соли 2023 дар ноҳияи Данғара мулоқоти муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Умеда Бегмурод занону бонувон ва ҷавондухтарони фаъол бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар чорабинӣ собиқадори меҳнат Марҳабо Ҷабборӣ, Ситора Шерова, муовини раиси ноҳияи Данғара ва шоира Раънои Мубориз низ ширкат варзиданд.
Зимни баргузории чорабинӣ вобаста ба хизматҳои шоёни фарзонафарзанди миллати тоҷик Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва сарҷамъии миллати тоҷик ибрози андеша карда шуданд.
Ҳамзамон, роҷеъ ба Иҷлосияи тақдирсози миллат ва қабули Парчами давлатӣ андешаҳо пешниҳод карда шуда, масъалаи таъмини иҷрои Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону ҷавондухтарони лаёқатманд матраҳ гардиданд.
Дар чорабинӣ фаъолон бо Сипосномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд ва барномаи идонаи консертӣ ба чорабинии мазкур ҳусни анҷом бахшид.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
и ещё 21
 
 
Все реакции:
29
 
 

Поделиться в