Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Рушди ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ

10 октябри 2024, панҷшанбе
Бо мақсади рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ташвиқу тарғиби фарҳанги миллӣ дар байни бонувон дар ҷамоати деҳоти Лоҳур бо иштироки васеи занон чорбинии маърифатӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар асоси Нақшаи тасдиқгарди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ба роҳ монда шуда ҳамарӯза бо усули "Деҳа ба деҳа", "Хона ба хона", "Маҳал ба маҳал" идома дорад.
Дар чорабинӣ мудири шуъбаи кор бо занон ва оила Моҳира Исмонова мутахассиси пешбари шуъба Назирова Лайло ва намояндагони ҷамоат иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ бонувон куртаҳои миллӣ, аз ҷумла, чакан, атласу адрас ба бар карда, намоишҳои сару либосҳои миллиро баргузор намуданд, ки дар онҳо сӯзаниҳо, гулдӯзиҳо, кашидадӯзиҳо ва намунаҳои куртаҳои бо тарзи миллӣ дӯхташуда ба маърази тамошо гузошта шуд. Инчунин духтарону занон таомҳои миллӣ ва дигар пӯхту пазҳои мардумиро омода намуда, пешкаши иштирокчиёни гардониданд.
Дар чорабинӣ аз ҷониби масъулин оид ба ҳунаромӯзии ҷавонон, риояи одоби либоспӯшии миллӣ, ба таҳсил фаро гирифтани духтарон рушди ҳунарҳои мардумӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳо, шомил нагардидани ҷавонон бо ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат гузаронида шуд.
 
 
 
 
и ещё 2
 
 
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
 
Все реакции:
Бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳри Роғун и ещё 19
 
 

Поделиться в