Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила вобаста ба масъалаҳои мубрами ҷомеа бо сокинони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд

17 октябри 2024, панҷшанбе

Ҳифз ва нигаҳдошти фарҳанги миллӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, самаранок истифода бурдани грантҳои президент, пешгирии зӯроварӣ дар оила, ба таҳсил фаро гирифтан ва омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона, пешгирии омилҳои номатлуби ҷомеа аз масъалаҳое буданд, ки дар дар вохӯрии Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша бо аҳли ҷамоатчигии ноҳияи Сангор дарҷ гардид. "Имрӯз агар ҳар яки мо дар фаъолияти кории худ масъулияти ҷиддиро ҳис намоем, ҷомеа низ ба пешравиҳои бештар ноил мегардад. Зеро рушди соҳаҳои мухталифи ҷомеа ба фаъолияти кории мо вобастагии калон дорад", - таъкид намуд Раиси Кумита Файзиддинзода Бунафша. Дар рафти вохӯрӣ занону духтарон миннатдории худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва барои дастгирии занону духтарон барои таваҷҷуҳ ва дастгирии пайваста иброз доштанд.

Поделиться в