Дар Литсейи касбии техникии ноҳияи Тоҷикобод 16 нафар духтар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шудааст
17 октябри 2024, панҷшанбе
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша бо рафти таҳсил ва шароити хобгоҳи Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбӣ техникии ноҳияи Тоҷикобод» шинос гардид.
Дар муассисаи мазкур 16 нафар ҷавондухтар аз ноҳияи Тоҷикобод ва Лахш ба омӯзиши дӯзандагӣ фаро гирифта шуда, масъулин кӯшиш доранд, ки ҷавононро ба касбомӯзӣ бештар ҷалб намоянд.
Иброз гардид, ки муҳасилини Литсей ҳамасола дар олимпиадаҳои ноҳиявӣ иштироки фаъолона дошта, тӯли 3 сол мешавад, ки гирандагони стипендияи раиси Ноҳия мебошанд.
Ҳамчунин намояндагони Кумита дар ноҳия Тоҷикобод бо фаъолияти Маркази «Бонувон»-и ноҳия шинос гардиданд.
Маркази мазкур ба дӯхти сару либоси соҳаҳои иқтисоди мамлакат машғул буда 4 нафар занони ҳунарманд ҳамчун омӯзгор ба 22 ҷавондухтар нозукиҳои касби дӯзандагиро меомӯзонанд.