Вохӯрии Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони ноҳияи Тоҷикобод
17 октябри 2024, панҷшанбе
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод вобаста ба масъалаҳои муҳими ҷомеа бо сокинони ноҳия вохӯрӣ баргузор намуд.
Зимни вохӯрӣ Раиси Кумитаи кор бо занон вам оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша иброз дошт, ки ҳимояи давлату давлатдории миллӣ ва таҳкими аркону пояҳои он, хусусан дар шароити пуртазоду печидаи солҳои охир, яъне рӯз аз рӯз мураккаб шудани вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон, шиддат гирифтани рақобат ва бархӯрди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат вазифаи аввалиндараҷаи ҳар фарди хештаншиносу худогоҳ мебошад.
Таъкид гардид, ки ҳар фарди бонангу номус ва худогоҳи ҷомеа бояд ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки танҳо худшиносиву истиқлолу озодӣ омили муҳимтарини пойдории давлат ва бақои миллат мебошанд.
Ҳамчунин Раиси Кумитаи иброз дошт, ки занону духтарони мо, ки болоравии сатҳи зиндагӣ ва маънавиёти оила аз онҳо вобастагии зиёд дорад, бояд аз ин имкониятҳо истифода бурда, ҳунар омӯзанд ва ба фарзандон низ дар омӯзиши касбу ҳунар кумак расонанд. Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, имрӯзҳо занони ҳунарманд дар хона истода, ба ҳунарҳои мардумӣ машғул гашта, аз ин ҳисоб даромади хуб ба даст меоранд.
Дар вохӯрӣ аз масъулини соҳаҳои гуногуни мамлакат даъват ба амал оварда шуд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро бо усули «Деҳа ба деҳа», «Маҳал ба маҳал», «Хона ба хона» ҷоннок намоянд.
Дар охир ба фаъолзанони ноҳия Сипосномаи Кумита дода шуда, аз ҷониби ҳунармандони ноҳия баҳри болидаруҳии иштирокчиён барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ пешниҳод гардид.