Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Вохӯрии судманд бо сокинони ноҳияи Рашт

17 октябри 2024, панҷшанбе
Ҳифз ва нигаҳдошти фарҳанги миллӣ, тарғиби либоси миллӣ, пешгирии зӯроварӣ дар оила, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, аз даст надодани зиракии сиёсӣ, сабабҳои асосии гароиши насли наврас ва ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии насли наврас ва оила, аз масъалаҳое буданд, ки дар вохӯрии Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша бо сокинони ноҳияи Рашт баррасӣ гардид.
Зимини суҳбат Раиси Кумита иброз дошт, ки таълиму тарбия, омӯхтани илму дониш ва аз худ намудани касбу ҳунар аз тарафи наврасону ҷавонон хусусан духтарон яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия намоем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавӣ омӯзанд ва дар оянда дар ҷомеа мақоми арзандаро соҳиб шаванд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки ҷавонон ҳамеша суханҳои Сарвари давлатро, ки пайваста дар суханрониҳояшон таъкид менамоянд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд дар хотир дошта бошанд ва аз шароити фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат самаранок истифода баранд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба фаъолзанони ноҳия Сипосномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.
 

Поделиться в