Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

«ЗАН-РОҲБАР» . Иштирокчиёни ин курс соҳиби Гувоҳнома гардиданд

17 октябри 2024, панҷшанбе
Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 то 10 октябри соли равон дар минтақаи Рашт бо мақсади баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа бо ҷалби 30 нафар занони болаёқати хизматчии давлатии соҳаҳои маориф, тандурустӣ, бонкдории ноҳия курси омӯзишии «Зан-роҳбар» баргузор гардид.
Иброз шуд, ки бо мақсади таъмини иштироки ҳарчи бештари занон дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ва ҷалби онҳо ба идоракунии давлатӣ, мақомоти қонунгузори мамлакат як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқиро қабул намудааст, ки онҳо барои баланд бардоштани мақом ва манзалати зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муҳим мебозанд.
Ёдовар мешавем, ки курси мазкур дар доираи амалишавии «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030» ба роҳ монда шуд.
 

Поделиться в