Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Вохӯрии судманд

21 октябри 2024, душанбе
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша бо роҳбари навтаъини намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Лутенко вохӯрӣ намуд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи мушкилоти занонро баррасӣ намуданд. Зимни вохӯрӣ Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила аз дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, иброз дошт, ки дар мамлакат барои фаъолияти занон дар ҳама соҳаҳо шароит фароҳам оварда шудааст.
Роҳбари навтаъини Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Лутенко гуфт, ки дар натиҷаҳои ҳамкориҳои судманд мо метавонем ба ҳадафҳои дар пешгузошта бирасем.
Дар охир ҷонибҳо барои ҳамкориҳои судманд мубодилаи афкор намуданд.
 

Поделиться в