Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

"Арҷгузорӣ ба либоси миллӣ эҳтиром ба Ватан аст" таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор гардид

21 октябри 2024, душанбе
Ба хотири арҷгузорӣ ба таъриху тамаддуни пурғановати миллати тоҷик ва пос доштани фарҳанги ниёгон дар толори “Сино”-и Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино бо иштироки доираи васеи омӯзгорону донишҷӯён ва ҷалби мутахассисону коршиносони соҳа таҳти унвони “Арҷгузорӣ ба либоси миллӣ-эҳтиром ба Ватан аст” ҳамоиш баргузор гардид.
Иброз гардид, ки либоси миллӣ ҷузъи фарҳанги қадимаи тоҷикон буда, решаи он ба умқи таърих рафта мерасад. Маҳз либоси миллии тоҷикон буд, ки дар баробари забон аз гирудорҳои печидаи таърихӣ гузашта, мақому манзалати хешро аз таҳдидҳои бегонапарастон ҳифз намуданд.
Исмоилзода Боғигул – сардори шуъбаи ташкилии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки халқи тоҷик аз азал фарҳанги бою ғанӣ дошт ва ҳифз намудани он вазифаи ҳар як бонуи боору номуси тоҷик аст. Мутаасифона имрӯзҳо тамоюли бегонапарастӣ дар ҷомеаи мо дида мешава, ки хатари он метавонад ба амнияти давлату миллат таҳдид намояд. Агар баъзе занону ҷавондухтарон либоси бегонаро ба хотири намоишкорӣ ба бар намоянд, идае ба воситаи он ҳадафи ташвиқу тарғиби хурофотпарастию ифротгароиро доранд. Турсунов Раҳмон- сармутахассиси Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ –фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ иброз дошт, ки либос рамзи фарҳанги миллӣ ва таҷассумгари расму оин, нишони зебоипарастӣ ва ифтихори ҳар халқияту миллат аст ва он як пораи фарҳанги миллӣ маҳсуб ёфта, ҳар халқу миллати ҷаҳон бо воситаи он муаррифӣ карда мешавад.
Марҳабо Олимӣ - коршиноси масоили гендерӣ дар Тоҷикистон вобаста ба нақши занону бонувон дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ахлоқ ибрози ақида намуда, қайд доштанд, ки занон ҳифзкунандаи ҳама арзишҳои миллию ахлоқии ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар тарбияи маънавӣ ва ахлоқии насли имрӯз масъулияти бештар бояд зоҳир намоянд. Миллати тоҷик миллати соҳибтоҷ аст, аз ин лиҳоз дар тамоми ҷабҳаҳо мо бояд аз таърихи бостониву тамаддунсози худ, аз суханварони мумтози он, аз ҳунар ва арзишҳои волои фарҳанги миллӣ, ҳамзамон аз либосҳои миллии худ ифтихор намоем, зеро либоси миллӣ аз матои атласу адрас ва зардӯзиву чакан моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд. Либоси миллӣ оинаест, ки дар он фарҳанги миллии моинъикос меёбад.
Ҳоҷизода Муслиҳиддин-намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати иштирокдоронро ба фатвои Шӯрои уламои кишвар ҷалб намуда бо иқтибос аз он чунин ишора намуданд, ки "Либосҳои миллии анъанавии модарону хоҳарони тоҷик, ки аз рўймол, курта ва пойҷома иборат аст, комилан ба талаботи мазҳаби ҳанафӣ ҷавобгӯ мебошад. Аз ин хотир, пӯшидани либоси миллии мо дар фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ иҷозат буда, нисбат ба ҳар навъи либоси дигар афзалият дорад". Ҳамчунин таъкид мешавад, ки дини мубини Ислом вобаста ба пӯшидани либос муқаррароти хос дорад, аммо дар шакли дӯхт ё ранги либос маҳдудият муқаррар накардааст. "Бинобар ин, пӯшидани либосҳои рангаи миллӣ дар мазҳаби мо ҷоиз аст. Аммо пӯшидани либосҳои танг ва сиёҳи занона, ҳарир ва дигаре, ки узвҳои баданро намоён мекунанд, тавсия дода намешавад, зеро ранги сиёҳ аз назари мазҳаби мо ҳатмӣ набуда, бо хусусиятҳои миллӣ ва шароити ҷуғрофии мо низ созгор нест",- омадааст дар фатво. Ин ниҳод ба бонувони Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки ҷиҳати арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ либосҳои бо тарҳи миллӣ омодашударо, ки фарогири меъёрҳои ахлоқию динӣ буда, ҳаёву иффати Зан-модарро инъикос менамоянд ва ба ахлоқу одоби исломӣ мувофиқ мебошанд, ба бар кунанд.
Иброз гардид, ки дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон 52 фисади кормандонро бонувон ва 47 фоизи донишҷӯёнро духтарон ташкил медиҳад. Дар амалӣ гаштани сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми хешро гузошта, дар тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ бетараф нахоҳанд монд.
 

Поделиться в