Иштироки намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оила дар семинари Кореяи Ҷанубӣ
21 октябри 2024, душанбе
Аз 6 то 17 октябри соли равон дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ оид ба баланд бардоштани ҳуқуқ ва имкониятҳои иқтисодии занон машғулияти омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар семинари мазкур корманди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Назарова Шаҳло иштирок намуд.
Чорабини аз ҷониби Вазорати баробарии гендерӣ ва оилаи Ҷумҳурии Корея ба роҳ монда шуда, дар он 22 нафар аз 17 давлати дунё иштирок намуданд.