Тавсеаи шуғли занон, ҷалб ва рушди фаъолияти соҳибкории занону духтарон дар меҳвари таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Ҳукумати мамлакат
23 октябри 2024, чоршанбе
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2024 "Дар бораи барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028" тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намуда, бо мақсади иҷрои Нақшаи амали барномаи мазкур семинар-тренингҳои омӯзиширо баргузор менамояд.
Семинар-тренинги имрӯза, ки бо иштироки мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, раисони маҳаллаҳои шаҳри Душанбе, гирандагони гранти Президентӣ дар солҳои 2023-2024, соҳибкорзанони шаҳру ноҳияҳои Душанбе ва тобеи ҷумҳурӣ доир гардид, ба баланд бардоштани донишҳои молиявии занону духтарон, тавсеи шуғлнокии занон, ҷалби онҳо ба фаъолияти соҳибкорӣ тавассути дастрасӣ ба қарзҳои имтиёзноки бонкӣ, грантҳои президентӣ ва раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, дигар сарчашмаҳои маблағгузор, рушд додани фаъолияти соҳибкорию ҳунармандӣ, тарзи навишт ва пешниҳоди лоиҳаи соҳибкорӣ дар дилхоҳ самти фаъолият заминаи мусоид гузошт.
Ба семинар-тренинги омӯзишӣ коршиносон-мутахассисони варзидаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии "Саноатсодиротбонк" ва Ташкилоти ҷамъиятии "Илмхона" ҷалб гардида, иштирокдорон дар хусуси тарзи дурусти лоиҳанависӣ ва роҳҳои пешниҳоди он, пардохтҳои андозӣ аз фаъолияти соҳибкорӣ, бо истифода аз усулҳои муосири технологияи иттилоотӣ муаррифӣ намудани маҳорату малакаи соҳибкорӣ ба саволҳои худ посух гирифтанд.
Семинари мазкур чанде қабл дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон доир гардида, баргузории он дар ВМКБ, вилояти Суғд ва водии Рашт дар нақша аст.