ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БА БОРОВАРАНДАИ ФОҶИАИ ДАҲШАТБОР ВА ХАТАР БА ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ
23 октябри 2024, чоршанбе
Падидаи номатлуби терроризму экстремизм масъалаҳои таҳдидкунанда ба амнияту суботи ҳар халқу ҳар миллат буда, хатари бесобиқаи ҷаҳониест, ки натиҷаи амалҳои террористиву ифротгароӣ оқибатҳои фоҷиабор ва харобиовари ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад.
Терроризму экстремизм ва ифротгароӣ ҳамчун вабои аср бо амалҳо ва ҳодисаҳои номатлуб ба оромию амнияти сайёра ва пойдории давлатҳо таҳдиду хатар эҷод карда, амну осоиш ва ваҳдати халқу миллатҳоро аз байн мебарад. Ҳеҷ як шакли ҷомеа бидуни таъмини амнияти пурраи иҷтимоӣ рушду такомул нахоҳад кард. Воқеан, бар асари амалҳои террористӣ дар бисёр мамолики дунё одамони бегуноҳ, аз ҷумла занон, ҷавонон, наврасону кӯдакон ба ҳалокат расида, шаҳру деҳот ва ёдгориҳои беназири таърихӣ хароб мегарданд. Зарари ба иқтисодиёти кишварҳо расонидашуда ба садҳо миллиард доллар баробар мебошад. Идомаи ин зуҳуроти номатлуб аз ҳар ҷиҳат хатарҳои зиёдеро дар пай дорад ва на фақат боиси афзоиши таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва фарҳангӣ мегардад, балки сабаби ташкил гардидани ҳар гуна гуруҳҳои ифротиву ҳангомаҷӯй буда, бо афзоиши ҳар гуна бемориҳои сироятӣ солимии ҷомеаро зери хатар мегузорад. Илова бар ин, хароб гардидани хонаву иморатҳо, корхонаҳо, заводу фабрикаҳо ва дигар иншоотҳои ҳаётан муҳим барои ҳар як давлату миллати ба андӯҳи гарони террористӣ афтода, ба нест намудани давлатҳою кишварҳо сабабгор мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз фаъолтарин кишварҳои мубориз бар зидди терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосир ба ҳисоб рафта, яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати дохиливу хориҷии онро маҳз муборизаи беамон бо ин падидаи манфури аср ташкил медиҳад. Бо сиёсати устувори худ дар таъмини суботу амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузошта, аз минбарҳои баланди бонуфузи байналмилал ҷиҳати муборизаи дастаҷамъона бар зидди терроризму ифротгароӣ мақоми муайяни худро муаррифӣ менамояд.
Зеро, Тоҷикистон ҳамчун узви Созмони Милали Муттаҳид метавонад дар барқарор намудани сулҳ дар рӯи Замин нақши муассир дошта бошад, чаро ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон беназир ва беҳамто буда, имрӯз чун фишанги муҳим барои ҳалли оқилонаи ҷангҳои шаҳрвандӣ, низоъҳои дохиливу байналмилалӣ ва муноқишаҳои байнидавлатӣ хизмат намояд.
Дар ин раванд, ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи бо қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид эълон намудани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда», ки ба ҳифзи сайёраи бехатар, осоишта ва устувор равона гардидааст, аз мақоми баргузидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи мубориза бо терроризму экстремизм далолат медиҳад.
Дар пайравӣ ба ташаббуси сулҳхоҳонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар яки мо, махсусан, занону бонувон вазифадорем, ки сулҳи пойдори Ватани азизамонро беолоиш ҳифз намуда, фарзандонро дар рӯҳияи инсондўстӣ, ватанпарастӣ ва ҳифзи марзу буми он тарбия намоем. Занҷираи иттиҳоду якдилӣ, сарҷамъию муттаҳиддии халқро, ки тавассути шабзиндадориҳои бесобиқаи фарзанди модари тоҷик, Пешвои муаазми миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад, боз ҳам мустаҳкам нигоҳ дошта, намегузорем, ки нохалафон ва гуруҳҳои ифротӣ фарзандони моро ба доми нопоки худ ҷиҳати амалӣ сохтани нақшаву ҳадафҳои сӯзанда гирифтор созанд. Зеро, фақат модар кодир аст, пеши роҳи амалҳои нангини фарзандро гирад, фақат модар қодир аст, сулҳи деринтизори миллатро тавассути муҳаббату садоқат ва навозишҳои модаронаи худ нигоҳ дошта, фарзандро аз интихоби роҳи нодурусти ҳаёт боздорад ва чун мактаби нахустини инсон аз домони модар сарчашма дорад, ҳар як фарзанд низ дар навбати худ ба Модар ва Ватани худ содиқ бошад, дар ҳифзи марзу буми он саҳмгузор ва парчамбардори асили миллати хеш бошад. Бар зидди ҳама гуна иғво ва амалҳои нопоки бадхоҳони миллату давлат бо қаламу калом мубориз бошад.
Беназир, ш.Душанбе