Баргузории озмуни «Хушдомани беҳтарин» дар шаҳри Хоруғ
24 октябри 2024, панҷшанбе
Бо мақсади таҳкими ниҳоди оила ва масъулиятнокии падару модар ва фарзандон дар муносибатҳои оилавӣ дар шаҳри Хоруғ даври шаҳрии озмуни «Хушдомани беҳтарин» баргузор гардид.
Дар озмуни мазкур 4 оилаи намунавии шаҳр иштирок намуда, шартҳои озмунро иҷро намуданд.
Аз ҷониби ҳакамон Мулкамонова Мародбегим ғолиби озмун дониста шуд.
Иброз гардид, ки Мулкамонова Мародбегим дар баробари хушдомани беҳтарин будан, ҳамчунин яке аз бонувони фаъоли шаҳр, Раиси Шурои занони маҳалли зист, бонуи соҳибҳунар мебошад.
Ҳамчун хушдоман дар оила мақоми хоса дошта, писаронаш хизмати Модар-Ватанро адо намудаанд. Ӯ дар пойдории оилаи фарзандонаш саҳми босазо дошта, дар таълиму тарбияи фарзандону набераҳо масъулияти баланд дорад.
Пайваста фарзандон ва наздиконашро ба дӯст доштани Ватан, худшиносии миллӣ роҳнамоӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур, ин баланд бардоштани масъулияти оила дар таҳкими фарҳанги оиладорӣ ҳамчун арзиши муҳими иҷтимоиву фарҳангӣ, боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва рӯзгордории оилаҳо, солиму устувор ва пойдор нигоҳ доштани оилаҳо, коҳиш додани шумораи бекоршавии ақди никоҳ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак ва омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ва ҳидояти онҳо ба нигоҳубин ва парастории волидайн иборат мебошад.