Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ- ХАТАРИ ҶИДДИИ ҶОМЕАИ ҶАҲОН ДАР ШАРОИТИ ИМРӮЗА

24 октябри 2024, панҷшанбе
Солҳои охир доир ба афзудан ва густариши экстремизм , терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо зиёд ҳарф мезанем, воқеан ҳам ин боиси нигаронист. Аз ин рӯ, бояд донист, ки маънои аслии “экстремизм” чист ва он чигуна падида аст?
Экстремизм аз калимаи фаронсавии “extremisme” ва лотинии “extremus” гирифта шуда маънояш ифотгароӣ, тундравӣ, фикру андеша ва амали тундравона, аз андоза гузаштан мебошад. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравист. Ин амал метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон аз ҷумла дин, сиёсат, идеология ва илм ба миён оянд. Дар ҷаҳони муосир ин зуҳуроти номатлуб на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмӯъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид менамояд. Қайд кардан ба маврид аст, ки терроризм ва экстремизм аз ҷумлаи зуҳуроти номатлубе ба шумор мераванд, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба вуҷуд оварда, дар ҳама минтақаҳои ҷаҳон тамоюли паҳншави доранд. Ҳарчанд падидаҳои ҷойдошта мавҷуди ин аср нестанд, вале дар баробари асри нав симои навро ба худ гирифта, моҳияти онҳо шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо намудаанд. Имрӯз ва дар оянда низ терроризм ва экстремизм ҳамчун таҳдидҳои хавфноктарин барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда бо истифода аз технологияи муосир, ки бо суръат рушд карда итодааст, тарзу усулҳои нави истифодабариро ба худ касб менамояд. Бояд гуфт, ки амалҳои террористию экстремисти садҳо ҳазор нафар мардуми осоиштаро қурбони амалҳои ифротгаронаи хеш гардонида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шудаанд. Ҳалокати ҳазорҳо мардуми осоиштаи сайёра, алалхусус қисми осебпазири ҷомеа занону кудакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдорҳои ваҳшиёна ба касею чизе раҳм надоранд ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехират ва ҷоҳил истифода мегардад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба чунин праблемаҳои глобалӣ бетараф набуда, ба зидди хатарҳои замони имрӯза ҳамчун шарики табиии тамоми давлатҳои дунё ҳадафмандона талошҳои худро амалӣ намуда, дар ин самт омодагии худро бо андешидани тадбирҳои мушаххас ва муборизаи самарабахш ифода менамояд. Дар ин замина мушкилоти дигар, ин гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун мебошад.
Албата, ки мо ҷавонон бояд аз ин неъматҳои гаронарзиш, истиқлолият ва ваҳдату оромӣ шукрона намуда, ҳамчун пайравони содиқ ба Пешвои миллат, баҳри боз ҳам ободу зебо ва орму осоишта нигоҳ доштани диёри азизамон гомҳои устувор гузорем.
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари ҷаҳонӣ, ҳатто аз минбари олии Созмони Милали Муттаҳид баромад карда таъкид намуданд, - “терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест, яъне террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад.” Ин зуҳуроти номатлуб мушкилии тамоми ҷаҳон аст ва бар зидди он ҳама бояд мубориза баранд. Аз ин рӯ, ҳар як фарди бошуур ва бомаърифати ҷомеа, махсусан ҷавононро, ки қисми асосии ҷамъиятро ташкил медиҳанд, мебояд, ки ба ин афкори ғалати чеҳраҳои сиёсии ноаён фирефта нашаванд, дар ҷустуҷӯи омӯзиш аз барномаи ғанигардонидаи маърифати ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии хеш бошанд, то дар таҳкими суботу амнияти ватани азизи худ – Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.
Қабул ва татбиқи як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, аз ҷумла соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зиди терроризм” ва соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо экстремизм”, инчунин таҳия ва қабули Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1- уми июни соли 2021 №187 ба тасвиб расидааст, гувоҳи аз он мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза бар зидди ин падидаи хатарзо мубориза мебарад.
Ҳамзамон, баланд бардоштани таъсири шуури иҷтимоии зиёиёни пешқадам, ки дар бедор кардани завқи ҷавонон ба хондани асарҳои бадеӣ заминаи фаъол буда метавонанд, омода кардани суханварони ҷавон, ки идеологияи миллиро дар шакли афкори ватанпарастӣ миёни ҷавонон тарғиб менамояд, ба мақсад мувофиқ мебошад. Зери назари насли калонсол қарор доштани зиракии сиёсии ҷавонон, назорати қатъии истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи волидайн, робитаи мустаҳками мактаб ва оила, ҷалби наврасони соҳибзавқ ба маҳфилҳои фаннию ихтироъкорӣ, таваҷҷуҳ ба масъалаи илмомӯзии ҷавонону наврасони деҳоти дурдаст ва фароҳам овардани шароити таҳсилу фароғати онҳо корбарии ҳамарӯзаро талаб менамояд. Имрӯз волидонро мебояд, ки ҳисси дӯст доштани Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллию давлатӣ, ҳимояи марзу буми ватани азизамонро дар саргаҳи андешаҳои тафаккури миллии фарзандон қарор дода, ба ифодаи нақши зан ва модари босавод дар тарбияи насли худогоҳу хештаншинос, масъулияти худро иҷро намоянд.
Бояд зикр намуд, ки ҳаракатҳои террористӣ дар миқёси олам гуногун буда, онҳоро асосан ба ду унсури умумӣ бо ҳам муттаҳид мекунанд: аввалан онҳо барои халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва суст намудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ равона гардида, аз тарафи дигар, ин ҳаракатҳо дар байни аҳолӣ ҳиссиёти тарс, оҷизиро ба вуҷуд меоранд. Дар ин раванд барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамгироии бештар бо ҷомеаи ҷаҳон ва минтақа, сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин ба роҳ мондани ҳамкориҳои фарогир муҳим мебошад.
Сиёсати муввафақи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз роҳу усулҳои муосири муборизаи дастаҷамъонаро зидди ин зуҳуроти манфӣ ва мубориза алайҳи хатарҳои глобалӣ тақозо менамояд. Бо дарназардошти воқеият ва бо мақсади таъмини амнияти устувор, ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир, мо ҷавонон омодаем рисолати ватандӯстии худро амиқ дарк намуда, бо пайравӣ аз Пешвои муаззами худ ҳимояи манофеи давлатиро дар солҳои минбаъдаи давлатдорӣ низ ҳифз намоем.
Амина АЛИЕВА,
магистранти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Поделиться в