Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

МУЛОҚОТ: Фаъолгардонии нақши занон дар ҷомеа-талаби замон

25 октябри 2024, ҷумъа
Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, Барномаи давлатии “Рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028, таблиғоти ҳуқуқӣ, пешгирии ҷиноятсодиркунӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии аҳолӣ мулоқоти муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯза Нуруллозода бо масъулини дахлдор баргузор гардид.
Мулоқотро мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд Манучеҳра Кенҷазода ифтитоҳ намуда, ҳадафи онро шарҳ дод.
Сипас, муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯза Нуруллозода дар доираи амалишавии Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028, таблиғоти ҳуқуқӣ, пешгирии ҷиноятсодиркунӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии аҳолӣ баромад намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки зан дар оилаи тоҷикон ҳамеша нақши муҳимро дошт ва дар ҷои намоён хоҳад монд, зеро иффату зебоӣ, хоксориву маърифатнокӣ хусусияти хоси зан буда, ба зиндагии аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшад. Вақте, ки зан худаш соҳиби маълумот ва соҳибмаърифат аст, фарзандони он ҳам бомаърифат ва китобхон мешаванд. Хислатҳои неки модарашонро дар худ парвариш медиҳанд ва ба модарашон пайравӣ мекунанд. Маҳз ҳамин таҷрибаҳоро ба инобат гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳо ва паёмҳои ҳарсолаашон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа диққати ҳамагонро ҷалб месозанд. Зеро занон дар дар пешрафти соҳаи мухталифи хоҷагии халқи мамлакат нақши муҳимро мебозанд. Аммо дар замони ҳозира талабот ва фаъолияти занон дар корҳои давлатӣ бештар аст. Зиёдтар ҷалб кардани бонувон ба кор дар муассисаҳои тиббӣ, давлатӣ ва хидмати давлатӣ, соҳибкорӣ пурманфиат арзёбӣ мешавад. Вобаста ба ин фармон барномаҳои давлатӣ таҳия гардида, пайи амал қарор гирифтаанд. ҳадаф аз татбиқи барномаҳо натанҳо баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, балки дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳанӣ назаррастар кардани фаъолияти занон мебошад. Баҳри баланд бардоштани рисолати худшиносии занон, нақши онҳо дар таҳкими оила, пешгирии шиддати пошхӯрии оила, пешгирии тамоюли афзоиши бегонапарастӣ дар байни бонувон, пешгирии амалҳо ва шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, сироятёбӣ ба бемориҳои сироятии ВНМО ва нашъамандӣ, мусоидат ба таҳсил ва таъмини шаҳрвандон бо ҷойи кор дар ҳамкорӣ бо сохторҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ силсила тадбирҳо амалӣ карда шуд.
Дар ҷараёни мулоқот намояндаи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд Ҳабиба Ҳамидова, сардухтури таваллудхонаи шаҳрӣ Муқаддас Ёқуббова ва дигарон баромад намуданд.
Мулоқот бо саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор анҷом ёфт.
 

Поделиться в