Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Баргузории озмуни "Хушдомани беҳтарин" ва "Фарзанд-боғи падару модар" дар ноҳияи Сангвор

25 октябри 2024, ҷумъа
Дар ноҳияи Сангвлр вобаста ба татбиқи "Барномаи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" озмуни "Хушдомани беҳтарин" ва "Фарзанд-боғи падару модар" баргузор гардид. Дар озмуни мазкур оилаҳои намунавӣ аз Ҷамоати деҳоти Тавилдара, Чилдара, Вахиё, Заршуён иштирок намуданд. Дар озмуни "Хушдомани беҳтарин" сокини деҳаи Саридашти Ҷамоати деҳоти Тавилдара Мирзоева Сайлигул ва дар озмуни "- боғи падару модар" сокини ҳамин деҳа Додов Орифҷон ғолиб дониста шуда, бо Сипоснома ва мукофот қадрдонӣ гардиданд.
Иброз гардид, ки Мирзоева Сайлигул яке аз занони фаъоли ноҳия ба ҳисоб рафта, дар таҳкими муносибатҳои оиладорӣ, касбу ҳунаромӯзӣ саҳмгузор аст. Ҳамчунин дар сарфаю сариштакорӣ ва рӯзгордорӣ, солимии оила дар муносибатҳои оилавӣ тарбияи дурусти фарзандон, саҳми фарзандон дар ободонии кӯчаву маҳал назаррас аст. Ӯ зани бомаърифат, меҳнатдӯст ва дар оила меҳрубон буда, мардуми деҳа ӯро эҳтиром мекунанд.
Ғолиби озмуни "Фарзанд-боғи падару модар" Додов Орифҷон хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон буда, аз соли 2016 дар чорабиниҳои варзишии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок мекунад. Ӯ дорандаи "Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" буда, беш аз 50 медал ба даст овардааст. Додаҷон узви мунтахаби дастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар риштаи гӯштини миллӣ, ҷудо ва устоди варзиш аз рӯйи гуштини миллӣ мебошад.
 

Поделиться в