Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар шаҳри Хуҷанд барои занони соҳибкор семинари омӯзишӣ баргузор гардид

28 октябри 2024, душанбе
Дар доираи амалишавии «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» дар шаҳри Хуҷанд барои занони соҳибкор ва гирандагони гранти президентии солҳои 2023-2024 дар мавзуи «Саводнонкии молиявии занон» семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар семинари мазкур муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуруллозода Фирӯза иштирок ва суханронӣ намуд.
Мутахассисони соҳа ба занони соҳибкор роҳҳои муваффақ шуданро дар самти соҳибкорӣ ва ҳунармандӣ машғулиятҳои омузишии амалиявию назариявӣ роҳандозӣ намуда, соҳибкорзанони иштирокчи аз фаъолияти занони соҳибкору ҳунарманди муваффақ табодул андеша намуданд.
 

Поделиться в