"Мактаби сарварони ҷавон"
28 октябри 2024, душанбе
Дар доираи амалишавии Стратегияи миллии фаъолгардонии занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 2030 бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон курси якрӯзаи "Мактаби сарварони ҷавон" ташкил ва баргузор гардид. Дар ин курс донишҷудухтарони муассисаҳои олии мамлакат ҷалб гардиданд. Ба иштирокчиёни курси мазкур занони собиқадор ва кормандони кумита дарс доданд.