Ситод оид ба пешгирии бемории COVID-19 дар вилояти Суғд
Ҷиҳати андешидани тадбирҳои бетаъриху самаранок ба корҳои созандагӣ, тозагию ободонӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии бемории каронавирус COVID-19, ситоди вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ баргузор гардид.
Робита бо ин мавзӯъ дар асоси нақшаи кории муовини Раиси вилоят дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз ҳисоби мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оила, фаъолзанони шаҳру ноҳияҳо гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуд. Муовини Раиси вилоят оид ба ҷалби аҳолӣ ба корҳои ободонию бунёдкорӣ, кабудизоркунӣ, таъмири хонаю дар, тозаву озода нигоҳ намудани ҳавлӣ, кӯчаю маҳалла, риояи гигиенаи шахсӣ, ҳолати санитарию гигиенаи хонаҳо, танзими тую маъракаҳо дар байн занону духтарон суҳбату вохӯрҳо баргузор гардонида шавад.