Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ «ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН» ВА «ФАРЗАНД-БОҒИ ПАДАРУ МОДАР» ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН

01 ноябри 2024, ҷумъа
Бо ташаббуси шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан бо иштироки муовини раиси шаҳр Фируза Мӯъминзода даври шаҳрии озмуни «Хушдомани беҳтарин» ва «Фарзанд-боғи падару модар» баргузор гардид.
Дар озмуни мазкур бо мақсади таҳкими ниҳоди оила ва тақвияти масъулиятнокии падару модар ва фарзандон дар муносибати оилавӣ, густариши фарҳанги оиладорӣ, муносибати хушдоман бо келин, нақши оила дар тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстию меҳнатпарастӣ, коҳиш додани раванди таъсиррасониҳои омилҳои доғи рӯз ба муносибатҳои оиладорӣ, коҳиш додани шумораи бекоршавии ақди никоҳ ва бесарпаноҳ мондани фарзандон, солим, пойдор ва устувор нигоҳ доштани оилаҳо, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак ва омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ва ҳидояти онҳо ба нигоҳубин ва парастории волидайн роҳандозӣ гардидааст.
Дар озмуни «Хушдомани беҳтарин» оилаи Абдуллоевҳо аз ҷамоати деҳоти Гули Сурх Абдуллоева Робия, ки синни мубораки 93 ро доранд ва соҳиби 10 нафар фарзанд 7 писар 3- духтар, 40 -набера, 105-абера, 7-чабера, оилаи Сангиновҳо аз деҳаи Маҳаллаи Ясӣ Сангинова Нисо, кирмакпарварӣ пешқадам синни 73 ро доранд соҳиби 5 нафар фарзанд 15 набера 35 абера ва инчунин аз ҷамоати деҳоти Чорбоғ деҳаи Варсиқ оилаи табибон Почоевҳо яъне Абдураҳмонова Маҳфузахон, ки соҳиби 5 нафар фарзанд 16 набера мебошанд иштирок намуда бо сипоснома ва туҳфаҳои раиси шаҳр сарфароз гардонида шуданд.
 

Поделиться в