Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

ЛИБОСИ МИЛЛӢ - ОСОРИ ТАМАДДУНИ ҶАҲОН

01 ноябри 2024, ҷумъа
Дар шаҳри Кӯлоб Фестивали вилоятии "Либоси миллӣ-осори тамаддуни ҷаҳон" баргузор гардид. Дар фестивали мазкур занону духтарони шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои минтақавии он иштирок намуданд.
Муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода иброз дошт, ки мақсад аз баргузор намудани фестивал, озмунҳо, чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, эҳтиром ба фарҳангу тамаддуни миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ҷилавгирӣ аз густариши фарҳанги бегона ва тарбия намудани насли наврас, махсусан ҷавондухтарон дар руҳияи ватандӯстӣ мебошад.
Муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Умеда гуфт, ки мо, тоҷикон ҷумҳурии соҳибистиқлол, забону урфу одат ва либоси ба худ хос дорем. Аз ин лиҳоз занону духтарон бояд бо ифтихори баланд онро ба бар кунанд. Рангҳои атлас, ки рангҳои тиру камони баҳориро мемонанд, ифодагари тинҷиву осоиштагӣ мебошанд.
Ҳанӯз аз замонҳои қадим матоъҳои атласу адрас қимати баланд доштанду шоҳону сарватмандон ба ҳомиёну сарлашкарони худ ба нишони иззату икром пероҳанҳои зарбофти аз ҳамин матоъҳо омодашуда тақдим менамуданд.
Ҳамзамон, меҳмонон аз намоиши дастовардҳо ва ҳунарҳои мардумии ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳри Кӯлоб дидан намуданд.
Дар охири фестивал фаъолон бо Сипоснома ва туҳфаҳо сарфароз гардонида шуда, барномаи фарҳангӣ аз ҷониби ҳунармандони қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб, ки иборат аз суруду таронаҳои ватандӯстона ва иниъкоскунандаи либос ва фарҳанги миллӣ буд, пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
 

Поделиться в