Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Баргузории даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» - «Фарзанд-боғи падару модар»

03 ноябри 2024, якшанбе
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи амалишавии Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти хусусиятҳои хоси муносибатҳои оиладорӣ, тақвияти масьулиятнокии падару модар ва фарзандон дар муносибатҳои оилавӣ, густариши фарҳанги оладорӣ, нақши оила дар тарбия ва ташаккули шахсияти фарзанд, муносибати хушдоман бо келин ва келин бо хушдоман, тарбияи фарзандони инсондӯсту ватанпараст даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин»-«Фарзанд-боғи падару модар»-ро бо иштироки ғолибон-хушдоман ва фарзандони беҳтарини шаҳру ноҳияҳои мамлакат доир намуд.
Озмуни мазкур дар доираи таҷлили 30-юмин солгарди Рузи қабули Констиутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон руи кор омад, ки шаҳодат аз тантанаи муваффақияту дастовардҳои давлату Ҳукумати кишвар дар роҳи эъмори давлату давлатдорӣ, минҷумла, таҳкими пояҳои оиладорӣ мебошад. Зеро, маҳз Конститутсия баробарҳуқуқии мардону занонро дар асоси моддаи 17 кафолат дода, тибқи моддаи 33 давлат оиларо ҳамчун ниҳоди муҳими иҷтимоӣ зери ҳимояи худ қарор додааст.
Раиси Кумита Файзиддинзода Бунафша зимни баромади худ зикр намуданд, ки мустаҳкамӣ, пойдорӣ ва солимии оила ва аҳли хонавода фаъолияти меҳварии Кумитаро ташкил дода, соли 2024 ба хотири мустаҳкамии оила, тақвияти муносибатҳои созанда ва баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, тарбияи фарзандони соҳибхираду соҳибмаърифат ва ба ин васила, коҳиш додани раванди таъсиррасонии омилҳои доғи рӯз ба муносибатҳои оиладорӣ озмуни ҷуҳуриявии «Оилаи намунавӣ»-ро бо иштироки 13 оилаи намунавии шаҳру ноҳияҳои кишвар доир гардид, ки таваҷҷуҳи ҷомеаро ба ин масъалаи ниҳоят муҳим ҷалб намуд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» ва «Фарзанд-боғи падару модар» низ ба мақсади баланд бардоштани масъулияти оила дар таҳкими фарҳанги оиладорӣ, тақвияти мақом ва нақши хушдоман дар оила ва ҷомеа, тарбияи фарзандони худогоҳу хештаншинос,тмасъулияи оила дар таълиму тарбияи фарзанд ва масъулияти фарзанд дар парасторӣ ва нигоҳубини падару модар, эҳтирому арҷгузории оила ба фарҳангу тамаддуни миллӣ, болоравии мақоми оила, мақоми ҳамсарон, мақоми падару модар, фарзанд ва хушдоман замина гузошта, ҷиҳати коҳиш додани пошхӯрии оилаҳо, бесарпаноҳ мондани фарзандон, коҳиш додани раванди таъсиррасонии омилҳои доғи рӯз ба муносибатҳои оиладорӣ мусоидат менамояд,- афзуд Раиси Кумита Файзиддинзода Бунафша.
Давлатзода Зулфия, сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати худ зимни суханронӣ аз мақом ва мартабаи оила дар раванди давлатдорӣ ва пешрафти ҷомеа, таҳти таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати мамлакат қарор доштани оила ва ҳифзи хуқуқу манфиатҳои занон ва оила баёни андеша намуд.
Сафарова Ҷаҳварбӣ хамчун хушдомани беҳтарин аз ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ва Лутфуллоева Нозанин чун фарзанди беҳтарин дониста шуда, сазовори ҷойи аввали озмун гардиданд. Назаршоева Лутфӣ аз ноҳияи Рошткалъаи ВМКБ, Урунова Замира аз шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд сазовори ҷойи дуюм, Эшонова Азиза аз шаҳри Ваҳдат ва Мирзоева Сайлигул аз ноҳияи Сангвор ба гирифтани ҷойи сеюм дар номинатсияи «Хушдомани беҳтарин» сазовор гардиданд.
Знёзода Фаррух аз шаҳри Ҳисор, Додов Орифҷон аз ноҳияи Сангвор ба гирифтани ҷойи дуюм, Зайнуллозода Нуқра аз ноҳия Рӯдакӣ, Раҳмонова Нигора аз ноҳияи Файзобод ва Аҳмадҷонзода Сабрина бо ҷойи сеюм дар номинатсияи «Беҳтарин фарзанд» ғолиб дониста шуданд.
Бешбуҳа, баргузории чунин озмунҳои тарбиявӣ-ахлоқӣ дар низоми оиладорӣ ва фарзандсолорӣ нақши арзишманд мегузоранд.
 

Поделиться в