Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Конститутсия-шоҳсутуни низоми давлатдорӣ» бахшида ба 30-юмин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ

05 ноябри 2024, сешанбе
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-юмин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ бо иштироки доираи васеи намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Конститутсия-шоҳсутуни низоми давлатдорӣ» баргузор намуд.
Чорабинии тантанавӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша иштирокчиёни конференсияро ба хотири ин ҷашни муборак табрику шодбошӣ намуда, зимни баромад қайд намуданд, ки таҷлил намудани ин ҷашни зафарманди миллати тоҷик бешак аз ҳамгироӣ, якидиливу муттаҳидӣ ва сарҷамъии миллату давлат далолат медиҳад.
Зикр гардид, ки қабули Конститутсия дар роҳи бунёд ва ташаккули давлатдории миллии тоҷикон, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ гузошт.
Солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон, пеш аз ҳама, занону бонувон давраи вазнин ва имтиҳони сахти рӯзгор буд. Бо вуҷуди он, занону бонувон дар татбиқи ҳадафҳои сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ саҳми фаъол дошта, аз идоракунии кишвар, алалхусус, баррасии умумихалқии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоботи Президенти мамлакат, интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштироки фаъолона ва саҳми назаррас гузоштанд.
Бо назардошти ин фаъолияти чашмрас Ҳукумати Тоҷикистон аввалин маротиба иштироки тоҷикзанонро дар Конференсияи чоруми умумиҷаҳонии занон, ки дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин соли 1995 баргузор гардид, таъмин намуд, зеро дар ин давра қонуни асосии кишвар ҳаматарафа такмил ёфта, Тоҷикистону миллати тоҷикро ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифї намуд.
Ин аст, ки таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занон дар ҷомеа, ҳуқуқ ба таҳсил ва кор, ҷалби занону бонувони соҳибмаърифату болаёқат ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ ҳамчун нерӯи тавоно ва пешбаранда, тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи иштироки онҳо дар фаъолияти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат дар моддаҳои 17, 33 ва 35-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нахустмеъёри танзимкунандаи фаъолияти бонувони кишвар маҳсуб меёбад,- таъкид доштанд Раиси Кумита Файзиддинзода Бунафша.
Дар кори конференсия Ашурзода Гулбаҳор-вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдураҳимзода Дилором Рустам-судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Неъматзода Маликшо-Раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Маҳмудов Давлатшоҳ-омӯзгори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ иштирок ва баромад намуда, доир ба нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлати демократӣ баёни андеша намуданд.
Дар конференсия як зумра бонувони фаъоли сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии мамлакат бо Сипосномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуда, барномаи рангини аҳли фарҳанги кишвар анҷомбахши мантиқии чорабинӣ гардид.
 

Поделиться в