Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Табрикоти Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша бахшида ба 30-солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

06 ноябри 2024, чоршанбе
Модарону хоҳарон,
Бонувони иззатманд!
Мардуми сарбаланди тоҷик имрӯз бо тантанаи сулҳу истиқлоли Ватани биҳиштосо 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамояд, ки бешак аз ҳамгироӣ, якидиливу муттаҳидӣ ва сарҷамъии миллату давлат далолат медиҳад.
Ба хотири ин санаи муборак Шуморо ва дар шахсияти Шумо кулли мардуми Тоҷикистони азизро самимона шодбош мегӯям.
30 сол муқаддам халқи зафарманди тоҷик дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсӣ ва сарнавиштсоз ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд, ки он ба 6-уми ноябри соли 1994 рост омада, дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон таҳаввулоти бузург ба вуҷуд овард.
Қабули Конститутсия дар роҳи бунёд ва ташаккули давлатдории миллии тоҷикон, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ гузошт.
Ин санади тақдирсоз инъикосгари ормони кулли халқи тоҷик буда, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, тақвияти рукнҳои давлатдории миллӣ, ноил гардидан ба дастовардҳои сиёсивуи қтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, гуногунандешӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаи мусоид ва боэътимоди ҳуқуқиро фароҳам овард.
Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон иброз доштанд: «Конститутсия гувоҳи интихоби дурусти шакли идораи давлату давлатдории тоҷикон аст. Чунки ба шарофати он ҷаҳониён Тоҷикистонро чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, кишвари татбиқкунандаи «сиёсати дарҳои кушод» ва халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтанд. Ин санади муқаддас ва тақдирсоз мисли чарғест, ки роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар намуда, чун м қаддасоти миллӣ ва дастури зиндагии наслҳои имрӯзу фардои тамаддунсози тоҷик хизмат менамояд».
Яке аз зарфиятҳои муҳими Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун панҷгонаи Конститутсияи беҳтарини ҷаҳон ва чун ҳуҷҷати бунёдӣ принсипи башардўстӣ буда, ҳифзиҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳамчун арзиши олӣ эътироф намуда, таваҷҷуҳи асосии ҷомеаи муосирро ба ҳуқуқу озодиҳои занон равона месозад.
Аз ин бармеояд, ки Конститутсия на танҳо маҷмўи қонунҳо, балки ҳуҷҷати заминавие мебошад, ки ҳуқуқи занонро чун рукни ҷудонашавандаи арзишҳо муайян менамояд.
Хотирнишон бояд намуд, ки солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон, пеш аз ҳама, занону бонувон давраи вазнин ва имтиҳони сахти рўзгор буд. Бо вуҷуди он, занону бонувон дар татбиқи ҳадафҳои сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ саҳми фаъол дошта, аз идоракунии кишвар, алалхусус, баррасии умумихалқии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоботи Президенти мамлакат, интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштироки фаъолона ва саҳми назаррас гузоштанд.
Бо назардошти ин фаъолияти чашмрас Ҳукумати Тоҷикистон аввалин маротиба иштироки тоҷикзанонро дар Конференсияи чоруми умумиҷаҳонии занон, ки дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин соли 1995 баргузор гардид, таъмин намуд, зеро дар ин давра қонунии асосии кишвар ҳаматарафа такмил ёфта, Тоҷикистону миллати тоҷикро ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон ӣ муарриф ӣ намуд.
Самараи Исти қлоли миллӣ ва риояи меъёрҳои конститутсионӣ аст, ки имрўз занону бонувони тоҷик аз минбарҳои баланди конференсияву ҳамоишҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз комёбиҳои бадастовардаи давлату миллат таҳти роҳбарии Сарвари хирадманди мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи демократикунонии ҷомеа, дигаргуниҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, илмиву фарҳангӣ, пайдо кардани мавқеи баланд ва иштироки бевоситаи занон дар идоракунии давлат бо ифтихор сухан мекунанд.
Ин аст, ки таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занон дар ҷомеа, ҳуқуқ ба таҳсил ва кор, ҷалби занону бонувони соҳибмаърифату болаёқат ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ ҳамчун нерўи тавоно ва пешбаранда, тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи иштироки онҳо дар фаъолияти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат дар моддаҳои 17, 33 ва 35-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нахуст меъёри танзимкунандаи фаъолияти бонувони кишвар маҳсуб меёбад.
Ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми соли 2023 ироанамуда таъкид доштанд, ки «Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини миллати тоҷик мебошад.
Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем».
Бо назардошти нуқтаҳои зикргардида ба ифтихори ин санаи муҳими таърихӣ соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардид, ки бемуболиға барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон заминаи боэътимод гузошт.
Дар ин раванд дар якҷоягӣ фаъолиятро бояд ба роҳ монда, аз зинаи поёни таҳсил то корхонаву муассисаҳо ба шаҳрвандон омўзиши асосҳои ҳуқуқи инсон ва баробарии гендериро роҳандозӣ намоем, зеро муҳимияти ин масъала дар дигаргун сохтани шуури ҷамъиятӣ ва ташаккули муҳити одилонаи ҳар кас дида мешавад.
Мавқеи фаъолонаи занону бонувон низ дар ин самт хеле муҳим аст, зеро Конститутсия барои ба даст овардани баробарӣ ба мо тамоми воситаҳои заруриро фароҳам оварда, аз ҳар яки мо иштироки фаъолона ва саъю кўшиши дучанд дар мутобиқ будан ба дигаргуниҳои иҷтимоӣ дар самти баробарии гендерирота қозо менамояд.
Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки бо ҳисси баланди ватандӯстиву худогоҳӣ фарзандони солиму бомаърифатро тарбия намуда, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намоем ва барои ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз қонуният ва адолати иҷтимоиро таъмин намоем.
Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба занону бонувон барои ноил гардидан ба ҳадафу мақсадҳои созандаи худ имкониятҳои васеъро фароҳам овардааст ва бо ин имкониятҳои ҷойдошта бояд дар сафи пеши ободгарони Ватан бошем.
30-соли амалишавии умеду орзуҳо муборак бошад, модарон ва бонувони азиз!

Поделиться в