Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии "Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон"

13 ноябри 2024, чоршанбе
Имрӯз дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии "Беҳтарин хизматчии давлатӣ" баргузор гардид.
Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба фаъолгардонии нақши занон дар ҷомеа, таъмини иштироки занон дар идоракунии давлатӣ ва амалигардонии «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, дар байни занону духтароне, ки дар соҳаи хизмати давлатӣ фаъолият менамоянд, баргузор мегардад.
Озмун бо мақсади таъмини бештари иштироки занон дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, ҷалби онҳо ба раванди идоракунӣ ва бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 то ба 30 фоиз расонидани теъдоди хизматчиёни давлатӣ ва то ба 25 фоиз расонидани теъдоди кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон дар байни занону духтарони соҳаи хизмати давлатӣ гузаронида мешавад.
 

Поделиться в