Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Баргузории конференсияи илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Саҳми Пешвои миллат дар баланд бар доштани мақоми зан дар ҷомеа” ва даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон”

15 ноябри 2024, ҷумъа
Бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмию фарҳангӣ зери унвони “Саҳми Пешвои миллат дар баланд бар доштани мақоми зан дар ҷомеа” доир гардид.
Маҳз бо дастгирӣ ва иқдомҳои беназири Ҳукумати мамлакат ва хосатан, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону бонувон дар замони соҳибистиқлолӣ ба муваффақият ва дастовардҳои зиёде ноил гардида, дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, тарбияи фарзандони худогоҳу худшинос, ватанпарасту ҳувияти баланди миллидошта саҳми назарраси худро мегузоранд.
Дар идомаи кори конференсия ба хотири тақвияти бештари мақоми зан дар ҷомеа ва дар доираи татбиқи Нақшаи амали “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030”, ҳамзамон, бо мақсади баланд бардоштани донишу малака ва касбияти занон-хизматчиёни давлатӣ, омода намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон” дар вазорату идораҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ташкил ва баргузор гардид.
Қобили қайд аст, ки бо мақсади ҳавасмандгардонии занон-хизматчиёни давлатӣ баҳри фаъолияти самаранок дар шароити нави муносибатҳои ҷамъиятӣ ва имкониятҳои техникию технологӣ баргузории озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» дар мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар байни занону духтарон баргузор гардид, ки тибқи Низомномаи озмун он дар 3 бахш:
- 1. бахши занон - хизматчиёни давлатие, ки дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;
- 2. бахши занон - хизматчиёни давлатие, ки дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолият доранд;
- 3. бахши занон - хизматчиёни давлатие, ки дар мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ фаъолият доранд, гузаронида шуд.
Инчунин, озмун вобаста ба бахшҳо тибқи гурӯҳбандии зерин доир гардид:
- байни хизматчиёни давлатии собиқаи хизмати давлатии аз 2 то 5 сол ё собиқаи умумии меҳнатии аз 3 то 6 сол дошта;
- байни хизматчиёни давлатии собиқаи хизмати давлатии аз 6 то 8 сол ё собиқаи умумии меҳнатии аз 7 то 9 сол дошта;
- байни хизматчиёни давлатии собиқаи хизмати давлатии зиёда аз 8 сол ё собиқаи умумии меҳнатии зиёда аз 10 сол дошта ҷараён гирифт.
Тибқи Низомнома озмун аз моҳи май то моҳи августи соли ҷорӣ идома дошта, ба даври ниҳоии озмун 65 нафар роҳхат гирифтанд, ки аз он 38 нафар аз мақомоти марказӣ ва 27 нафар аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳот роҳхат гирифтанд.
Аз рўи натиҷаҳои баргузории даври ниҳоии озмун 27 нафар хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон ғолиби озмуни ҷумҳуриявӣ гардида, ба 38 нафар занону бонувони хизмати давлатӣ ҷиҳати иштироки фаъолона дар озмун Сипосномаи Кумита тақдим гардид.
Кори конференсия ва даври ниҳоии озмун бо барномаи рангини фарҳангӣ ҷамъбаст гардид.
 

Поделиться в