Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Иштироки муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Нуруллозода Фирӯза дар Муколамаи занони кишварҳои Осиёи Марказӣ

16 ноябри 2024, шанбе
14-15 ноябри соли равон муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуруллозода Фирӯза дар Муколамаи занони кишварҳои Осёи Марказӣ, ки дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид, иштирок намуд.
Дар Муколама намояндагони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ширкат намуда, аз намоиши (ЭКСПО) «Занони навовар ҳамчун суръатбахши тараққиёти соҳаи иқтисодии мамлакатҳо» дидан намуданд.
Дар Муколама иштирокчиён дар мавзуъҳои «Идораҳои патентӣ ва нақши онҳо дар дастгирии навовариҳои занон», «Сармоягузорони миллӣ ва нақши онҳо дар рушди инноватсия дар байни занон» ибрози назар намуданд.
Дар ин Муколама Раёсати Муколаи занони кишварҳои Осёи Марказӣ дар соли 2025 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд.
 

Поделиться в