Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Табрикоти Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша ба муносибати Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

16 ноябри 2024, шанбе
Модарону хоҳарон,
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Дар таърихи ҳар миллат санаҳои тақдирсозе вуҷуд доранд, ки дар саҳифаҳои таърих бо хати заррин сабт мегарданд.
Рўзи ҳамгироии миллӣ дар кишвари аҳуроии мо - Тоҷикистон аз чунин ҷашнҳоест, ки чун милоди миллат ва эҳёи давлат пазируфта шудаааст ва ин ҷашни бузургу арзишмандро Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарифи Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ эҳдо намуд.
Мояи ифтихори кулли ҳамватанон ва тоҷикони ҷаҳон аст, ки имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки бо заҳмату талош ва ибтикори азими Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад, чун сароғози ормоншиносӣ ва сабақгирӣ аз дарси сарнавишти таърихии тоҷикон эътироф шудааст.
Ба шарофати ин санаи тақдирсоз Тоҷикистон ва халқи заҳматкашидаи он таҳти сарварию сиёсати сулҳпарварона ва инсондўстонаи Пешвои муаззами миллат тавонист ба муноқишаҳои дохилӣ ва берунии саркардагон хотима бахшида, ба раванди бунёди Тоҷикистони навин бо гузоштани пойдевори мустаҳками сулҳ, таъмини ваҳдату Истиқлоли миллӣ ва дар ин асос ба рушди бемайлони фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат оғоз намояд. Дар қалбу дидаи халқи тоҷик шуълаи умед ба ояндаи дурахшону босаодат ва зиндагии шоиста фурўзон гардид.
Дар оғози солҳои 90-ум интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Сарвари давлат санҷиши мардонагӣ, ҷасурӣ, масъулиятшиносӣ ва ватандўстию нотарсӣ буд, ки ҳокимияти сиёсии фалаҷгаштаро барқарор, муносибатҳои бенизоми иҷтимоиро муътадил ва сулҳу амниятро пойдор намуда, бо дарки масъулияти баланди ватандориву ватандўстӣ худро пурра ба ҳимояи ягонагии давлат ва ташкили ҳувияти миллӣ дар шароити пуртаззоди ҷаҳонишавӣ бахшиданд.
Дар он марҳила, Президенти навтаъини кишвар танзими хавфу хатар ва таҳдидҳои нави ҷаҳониро ба назар гирифта, таъмини суботи сиёсиву иҷтимоиро вазифаи аввалиндараҷаи худ шуморид ва тамоми ҳастии худро ба пешравии миллату давлат бахшид.
Маҳз азму талош ва ибтикорҳои нотакрори Пешвои муаззами миллат буд, ки амну амонӣ, ваҳдату истиқклолияти комил ба Тоҷикистону миллати тамаддунофари он насиб гардид.
Дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдат, пешниҳоди иқдомҳои нодир дар масъалаи об ва бехатарии минтақа, таъмини сулҳи ҷаҳонӣ барои наслҳои оянда, пешгирии терроризму экстремизм, сохтмони иншоотҳои азими аср аз ташаббусҳову ҷонбозиҳои беназири Сарвари давлат баҳри рушду пешрафти давлату миллат шаҳодат медиҳанд.
Ин аст, ки садҳо нафар ходимони сиёсии сатҳи ҷаҳонӣ ба истеъдоди фавқуллодаи сарварии Пешвои муаззами миллат дар ба даст овардани сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ баҳои баланд дода, ҳомӣ ва Пешвои миллат будани ўро эътироф намудаанд, ки ифтихори бузургест барои халқ, миллат ва давлати тоҷикон.
Ин қадршиносӣ бо мукофот, ҷоиза ва унвонҳои муътабари сатҳи ҷаҳонӣ аз мавқеъ ва нуфузи ниҳоди сарварии Пешвои миллати тоҷикони ҷаҳон шарафмандии бағоят азими миллӣ аст.
Модарону бонувони кишвар бо муҳаббату самимияти модаронаву хоҳарона ба фарзанди фарзона, Пешвои муаззами миллат барои хизматҳои беназир, дастгириву ғамхориҳои рўзафзун сипосу миннатдорӣ намуда, таманнои онро мекунем, ки давлати Тоҷикистони соҳибистиқлолу мардуми сарбаланди он ҳамеша дар амон ва сулҳу суботи комили Ватан таҳти роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандонаи шоҳсутуни миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷовидона устувору пойдор бимонад.
Хуршеди озодиву истиқлолият дар хонадони ҳар фарди кишвари маҳбубамон ҳамеша фурўзон бошад.
Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фархундаву ҳумоюн бод!

Поделиться в