Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Боздиди раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша аз МД МТ "Чароғи ҳидоят"

16 ноябри 2024, шанбе
15 ноябри соли равон Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша бо шароити зисти таълимгирандагони Муассисаи давлатии Маркази таълимии "Чароғи ҳидоят" шинос гардид. Раиси Кумита бо донишҷӯдухтарони муассиса вохӯрӣ намуда, иброз дошт, ки имрӯз ҳукумати мамлакат барои ҷавонон хусусан духтарон тамоми шароитро барои таҳсил ва фаъолият фароҳам овардааст. Аз ин рӯ зарур аст, онҳо аз шароит ва имконияти фароҳамоварда истифода бурда, дар ҷумҳурӣ ва берун аз он Тоҷикистонро ҳамчун давлати пешрафта дар соҳаҳои мухталифи мамлакат муаррифӣ намоянд. Инчунин дар ин рӯз дар муассисаи мазкур бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар ҳамоиш таълимгиоандагони Маркази таълимии "Чароғи ҳидоят" барномаи рангини адабӣ-фарҳангӣ пешниҳоди иштирокчиён намуданд.
 

Поделиться в