Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Кормандони Кумитаи кор бо занон бо оила бо мавзеи обанбори НБО –и «Роғун» шинос шуданд

20 ноябри 2024, чоршанбе
19 ноябри соли равон кормандони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун», фаъолияти сохтмончиёни ин иншооти муҳими аср шинос гардиданд.
Масъулини Неругоҳи барқи обии «Роғун» иттилоъ доданд, ки неругоҳи мазкур дар километри 110-уми самти шарқи Душанбе воқеъ мебошад. Неругоҳ аз 6 чархаи 600 МВт иборат буда, сарбанди «Роғун» бо 335 метр баландтарин садди заминӣ -гиливу сангӣ дар ҷаҳон маҳсуб шуда, бо иқтидори 3600 мегаватт калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд.
Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомали Раҳмон 28 сентябри соли равон зимни суханронии худ бо бунёдгарони Неругоҳи барқии обии «Роғун» иброз доштанд: дар давоми солҳои 2008 – 2024-ум Ҳукумати мамлакат барои анҷом додани корҳои сохтмону барқарорсозии неругоҳ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо зиёда аз 42,5 миллиард сомонӣ маблағ равона намудааст. Шумораи мошину механизмҳое, ки дар сохтмон истифода мешаванд, ба 3843 расонида шудааст, аз ҷумла дар давоми солҳои 2023 – 2024 ба майдони сохтмон 400 мошину механизмҳои нави пуриқтидор ворид карда шудаанд.
Сохтмони ин иншооти бузурги аср – Неругоҳи барқи обии «Роғун» таҳти назорати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
 

Поделиться в