Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳамоиши бонувон ба ифтихори Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон

25 ноябри 2024, душанбе
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ҳамоиш баргузор гардид.
Дар ҳамоиш муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Нуруллозода Фирӯза бо занон ва духтарони шаҳри Ваҳдат вохӯрӣ намуд. Иброз гардид, ки парчамдориву парчамбардорӣ ба халқи мо аз аҷдодони сарбаландамон мерос мондааст. Рамзҳое, ки дар Парчами давлатии Тоҷикистон гузошта шудаанд, равшангари таърих, сарнавишту саргузашти қавмҳо, халқият, миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун ва орзуву ормонҳои мардуми мо мебошанд. Чунончи, ранги сурх дар парчами мо – ин рамзи мубориза ва ҷоннисориҳои халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – рамзи покӣ, озодагӣ, роҳи сафед ва бахту иқболи нек, ранги сабз – рамзи ҳаёт, сарсабзиву хуррамӣ ва созандагиву бунёдкорӣ мебошад.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки имрӯз занону ҷавондухтарон бо саҳмгузор дар рушди соҳаҳои мухталиф ва бо илму донишу ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик Парчами Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамоянд.
Ҳамин аст, ки имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ин давлати соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва дигар ақсои олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати тозаистиқлоле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки аз соли 2009 инҷониб бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатӣ эълон гардид ва ин рӯзи муборак ҳамасола бо шукуҳу тантана таҷлил мегардад. Ин санаи фархунда ифодагари ифтихору эҳтироми мо нисбат ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Парчами давлатӣ аст. Парчаме, ки ҳастии давлати мо ва ифтихори миллии моро ифода менамояд, парчаме, ки гувоҳи барҷастаи истиқлолияти давлатии мо, таҷассуми ғурури миллӣ ва ору номуси ватандӯстии мо аст.
 

Поделиться в