Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва пойдории оилаҳои ҷавон тавассути баргузории чорабиниҳои иттилоотӣ

28 ноябри 2024, панҷшанбе
Дар доираи амалишавии Нақшаи амали Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони "Оилаи солиму пойдор-бақои ҷомеа" мизи мудаввар доир намуд.
Дар мизи мудаввар намояндагони раёсат, шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе, навхонадорон, оилаҳои ҷавон, раисони Шурои занони маҳаллаҳои шаҳри Душанбе, омузгорону хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ширкат доштанд.
Ҳадафи баргузории мизи мудаввар ба масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва оиладорӣ, таҳкими муносибатҳо дар оила, солиму пойдор нигоҳ доштани оилаҳои ҷавон, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, пешгирии никоҳҳои бармаҳал ва хешутаборӣ, пешгирии зуроварӣ дар оила, пешгирии дахолати шахсони сеюм ба муносибатҳои оилаҳои ҷавон равона гардид.
Зимни баргузории мизи мудаввар ба иштирокдорон маводҳои тарғиботӣ тақсим гардида, баъд аз тамошои наворҳои тарбиявӣ миёни иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифт.
 

Поделиться в