Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат»-ро оғоз намуд

28 ноябри 2024, панҷшанбе
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид-Занон дар Тоҷикистон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маъракаи «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат»-ро оғоз намуд.
Дар чорабинӣ намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хушвахтшо Сафарзода, намояндагони мақомоти дахлдори давлатӣ, намояндагони Созмони Милали Муттаҳид, шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
Маъракаи иттилоотии имсола бо шиори «Мубориза бо меъёрҳои зарароварии иҷтимоӣ ва рушди меъёрҳои мусбат» баргузор гардида, дар он иштирокчиён вобаста ба таъсири меъёрҳои иҷтимоии решадор дар масъалаи зӯроварии гендерӣ мубодилаи афкор намуданд.
Муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаинзода Заррина Қадамшо дар мавриди ифтитоҳи маъракаи иттилоотӣ иброз дошт, ки маъракаи байналмилалии 16 рӯзи мубориза зидди зӯроварӣ бори дигар ба мо хотиррасон мекунад, ки зӯроварӣ мушкилии шахсию фардӣ нест, балки таҳдиди ҷаҳонист, ки чораҳои қатъӣ, ҳамоҳангшуда ва дастаҷамъонаро дар ҳама сатҳҳо тақозо мекунад.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти татбиқи сиёсати гендерӣ тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ менамояд.
Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дар бораи имкониятҳои баробар, таъмини баробарии гендерии духтарону писарон ҳангоми гирифтани маълумот, беҳтар намудани иштироки занон дар раванди қабули қарор, пешгирӣ намудани зӯроварӣ нисбат ба занон таҳия ва қабул гаштаанд.
Бояд гуфт, ки бахшида ба ин маъракаи муҳим Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барномаҳои фарҳангӣ-иттилоотиро бо иштироки занону духтарон ба нақша гирифтаанд.
Ёдовар мешавем, ки ин маърака аз 25 ноябр оғоз гардида, 10 декабр дар Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқи инсон ҷамъбаст мегардад.
 

Поделиться в