Вохӯрии судманд бо занону фаъолони ноҳияи Айнӣ
28 ноябри 2024, панҷшанбе
Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалишавии “Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026” бо занону фаъолони ноҳияи Айнӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Вохуриро муовини аввали Раиси Кумита Нуруллозода Фирӯза ва муовини Раиси ноҳияи Айнӣ Зебо Саидзода пеш бурда, дар он намояндагони ташкилоту муассисаҳо, фаъолон, раисони занони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, имомхатибон ва собиқадорони меҳнат, дар умум зиёда аз 250 нафар аҳолии 66 деҳаи 8 ҷамоати ноҳияи Айнӣ иштирок намуданд.
Вохӯрии мазкур бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва оиладорӣ, устувору пойдор нигоҳ доштани оилаҳо ва пешгирии пошхӯрии оилаҳо доир шуд.
Муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯза Нуруллозода иброз дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ба танзим даровардани муносибатҳои оилавӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳо, аз ҷумла Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида мавриди амал қарор доранд.
Иброз гардид, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ аз дигар ҷомеа бо он фарқ менамояд, ки дар он ҳуқуқ ва озодиҳои табиии инсон эътироф гардида, механизми самараноки ҳимояи чунин ҳуқуқу озодиҳо муқаррар карда мешавад. Бинобар ин, сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва тарғиби ҳуқуқӣ шароит фароҳам меорад, ки шаҳрвандон аз ҳуқуқҳои худ истифода баранд, масъулият дошта бошанд ва ба имконияти баробар, аз ҷумла имконияти ҳуқуқӣ тавассути волоияти қонун дастрасӣ дошта бошанд.
Гуфта шуд, ки сокинони ноҳия Айнӣ сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба ҷонибдор мебошанд. Барои тарбияи дурусти фарзандон ва дар руҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ тарбия намудани онҳо кӯшиш карда, дар созандагию бунёдкории Ватан саҳми арзанда мегузоранд.