Мулоқоти судманд

Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд мулоқоти муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯза Нуруллозода бо 30 нафар оилаҳои намунавии шаҳри Хуҷанд доир гардида, дар радифи амалишавии Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оилаҳои иштирокчӣ доир ба солиму пойдор нигоҳ доштани оилаҳо, махсусан, оилаҳои ҷавон, пешгирии зӯроварӣ дар оила, пешгирии никоҳҳои бармаҳал ва хешутаборӣ, таъсири муҳоҷирати меҳнатӣ ба муносибатҳои оиладорӣ, идомаи таҳсили фарзандон, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва масъулияти фарзанд дар парастории волидон мубодилаи афкор сурат гирифта, оилаҳои солиму рӯзгордида аз таҷрибаи оиладории худ барои поянда нигоҳ доштани оилаҳо тавсияҳои судманд баён намуданд.