Бахшида ба 25-солагии қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа" конференсия баргузор гардид
04 декабри 2024, чоршанбе
3 декабри соли равон бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор бахшида ба 25-солагии қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” ва “16 Рӯзи амал алайҳи зӯроварӣ” конферегсия баргузор гардид.
Дар кори конференсия раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умедахон Абдуллозода, узви Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хидирзода Махфират, муовини ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Бобоҷонзода Миҷгона ва коршиноси миллӣ Марҳабо Олимӣ иштирок намуданд.
Иброз гардид, бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат ва сиёсати пешгирифтаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳидояту роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми занон дар кишвар марҳила ба марҳила баланд гардид. Занону бонувони тоҷик дар тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат, бахусус корҳои роҳбарӣ фаъолияти назаррас доранд.
Таъкид гардид, ки барои ба танзим даровардани муносибатҳои оилавӣ дар кишвар як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳо, аз ҷумла Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Масъулияти барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидааст ва мавриди амал қарор доранд.
Дар охир аз ҷониби ҳунармандони шаҳр барномаи фарҳангӣ ва саҳнаҳои тарбиявӣ пешниҳоди иштирокчиён гардид.